Hafez

Нақдҳоро бувад оё, ки иёре гиранд

Ғазали 185

Нақдҳоро бувад оё, ки иёре гиранд,
То ҳама савмаадорон пайи коре гиранд?!

Маслиҳатдиди ман он аст, ки ёрон ҳама кор
Бигузоранду хами турраи ёре гиранд.

Хуш гирифтанд ҳарифон сари зулфи соқӣ,
Гар фалакшон бигузорад, ки қароре гиранд.

Қуввати бозуйи парҳез ба хубон мафурӯш,
Ки дар ин хайл ҳисоре ба саворе гиранд.

Ё Раб, ин баччаи туркон чӣ далеранд ба хун,
Ки ба тири мижа ҳар лаҳза шикоре гиранд.

Рақс бар шеъри тару нолаи най хуш бошад,
Хоса рақсе, ки дар он дасти нигоре гиранд.

Ҳофиз, абнои замонро ғами мискинон нест,
З-ин миён гар битавон, беҳ, ки каноре гиранд.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед