Hafez

Дило, бисӯз, ки сӯзи ту корҳо бикунад

Ғазали 187

Дило, бисӯз, ки сӯзи ту корҳо бикунад,
Ниёзи нимишабӣ дафъи сад бало бикунад.

Итоби ёри паричеҳра ошиқона бикаш,
Ки як карашма талофии сад ҷафо бикунад.

Зи мулк то малакуташ ҳиҷоб бардоранд,
Ҳар он ки хидмати ҷоми ҷаҳоннамо бикунад.

Табиби ишқ масеҳодам асту мушфиқ, лек
Чу дард дар ту набинад, киро даво бикунад?

Ту бо Худои худ андоз кору дил хуш дор,
Ки раҳм агар накунад муддаӣ, Худо бикунад.

Зи бахти хуфта малулам, бувад, ки бедоре
Ба вақти фотиҳаи субҳ як дуо бикунад.

Бисӯхт Ҳофизу бӯе ба зулфи ёр набурд,
Магар далолати ин давлаташ сабо бикунад.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед