Hafez

Тоири давлат агар боз гузоре бикунад

Ғазали 189

Тоири давлат агар боз гузоре бикунад,
Ёр боз ояду бо васл қароре бикунад.

Дидаро дастгаҳи дурру гуҳар гарчи намонд,
Бихурад хунею тадбири нисоре бикунад.

Дӯш гуфтам: Бикунад лаъли лабаш чораи ман?
Ҳотифи ғайб нидо дод, ки оре, бикунад.

Кас наёрад бари ӯ дам задан аз қиссаи мо,
Магараш боди сабо гӯшгузоре бикунад.

Додаам бози назарро ба тазарве парвоз,
Боз хонад магараш нақшу шикоре бикунад.

Шаҳр холист зи ушшоқ, бувад, к-аз тарафе
Марде аз хеш бурун ояду коре бикунад?!

Ку кариме, ки зи базми тарабаш ғамзадае
Ҷуръае даркашаду дафъи хуморе бикунад?

Ё вафо, ё хабари васли ту, ё марги рақиб,
Бувад оё, ки фалак з-ин ду-се коре бикунад?

Ҳофизо, гар наравӣ аз дари ӯ ҳам рӯзе,
Гузаре бар сарат аз гӯшаканоре бикунад.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед