Hafez

Сарви чамони ман чаро майли чаман намекунад

Ғазали 192

Сарви чамони ман чаро майли чаман намекунад,
Ҳамдами гул намешавад, ёди суман,намекунад?

Дӣ гилае зи туррааш кардаму аз сари фусӯс
Гуфт, ки «Ин сиёҳи каҷ гӯш ба ман намекунад».

То дили ҳарзагарди ман рафт ба чини зулфи ӯ,
З-он сафари дарози худ азми ватан намекунад.

Пеши камони абруяш лоба ҳамекунам, вале
Гӯшкашида аст, аз он гӯш ба ман намекунад.

Бо ҳама атфи доманат оядам аз сабо аҷаб,
К-аз гузари ту хокро мушки Хутан намекунад.

Чун зи насим мешавад зулфи бунафша пуршикан,
Ваҳ, ки дилам чӣ ёд аз он аҳдшикан намекунад.

Дил ба умеди рӯйи ӯ ҳамдами ҷон намешавад,
Ҷон ба ҳавои кӯйи ӯ хидмати тан намекунад.

Соқии симсоқи ман гар ҳама дурд медиҳад,
Кист, ки тан чу ҷоми май ҷумла даҳан намекунад?

Дастхуши ҷафо макун оби рухам, ки файзи абр
Бе мадади сиришки ман дурри Адан намекунад.

Куштаи ғамзаи ту шуд Ҳофизи ношунидапанд,
Теғ сазост, ҳар киро дарди сухан намекунад.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед