Hafez

Суманбӯён ғубори ғам, чу биншинанд, биншонанд

Ғазали 194

Суманбӯён ғубори ғам, чу биншинанд, биншонанд,
Парирӯён қарор аз дил, чу бистезанд, бистонанд.

Ба фитроки ҷафо дилҳо, чу барбанданд, барбанданд,
Зи зулфи анбарин ҷонҳо, чу бигшоянд, бифшонанд.

Ба умре як нафас бо мо, чу биншинанд, бархезанд,
Ниҳоли шавқ дар хотир, чу бархезанд, биншонанд.

Сиришки гӯшагиронро, чу дарёбанд, дур ёбанд,
Рухи меҳр аз саҳархезон нагардонанд, агар донанд.

Зи чашмам лаъли руммонӣ, чу механданд, меборанд,
Зи рӯям рози пинҳонӣ, чу мебинанд, мехонанд.

Давои дарди ошиқро касе, к-ӯ саҳл пиндорад,
Зи фикр онон, ки дар тадбири дармонанд, дар монанд.

Чу Мансур аз мурод онон, ки бар доранд, бар доранд,
Бад-ин даргоҳ Ҳофизро чу мехонанд, меронанд.

Дар ин ҳазрат чу муштоқон ниёз оранд, ноз оранд,
Ки бо ин дард агар дар банди дармонанд, дармонанд.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед