Hafez

Шароби беғашу соқии хуш ду доми раҳанд

Ғазали 201

Шароби беғашу соқии хуш ду доми раҳанд,
Ки зиракони ҷаҳон аз камандашон нараҳанд.

Ман арчи ошиқаму ринду масту номасиёҳ,
Ҳазор шукр, ки ёрони шаҳр бегунаҳанд.

Ҷафо на пешаи дарвешӣ асту роҳравӣ,
Биёр бода, ки ин соликон на марди раҳанд.

Мабин ҳақир гадоёни ишқро, к-ин қавм
Шаҳони бекамару хусравони бекулаҳанд.

Баҳуш бош, ки ҳангоми боди истиғно
Ҳазор хирмани тоат ба ним ҷав наниҳанд.

Макун, ки кавкабаи дилбарӣ шикаста шавад,
Чу бандагон бигурезанду чокарон биҷаҳанд.

Ғуломи ҳиммати дурдикашони якрангам,
На он гурӯҳ, ки азрақлибосу дилсияҳанд.

Қадам манеҳ ба харобот ҷуз ба шарти адаб,
Ки сокинони дараш маҳрамони подшаҳанд.

Ҷаноби ишқ баланд аст, ҳиммате, Ҳофиз,
Ки ошиқон раҳи беҳимматон ба худ надиҳанд.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед