Hafez

Ёд бод, он ки ниҳонат назаре бо мо буд

Ғазали 204

Ёд бод, он ки ниҳонат назаре бо мо буд,
Рақами меҳри ту бар чеҳраи мо пайдо буд.

Ёд бод, он ки чу чашмат ба итобам мекушт,
Муъҷизи исавият дар лаби шаккархо буд.

Ёд бод он ки сабӯҳизада дар маҷлиси унс
Ҷуз ману ёр набудему Худо бо мо буд.

Ёд бод, он ки рухат шамъи тараб меафрӯхт
В-ин дили сӯхта парвонаи нопарво буд.

Ёд бод, он ки дар он базмгаҳи хулқу адаб
Он ки ӯ хандаи мастона задӣ, саҳбо буд.

Ёд бод, он ки чу ёқути қадаҳ ханда задӣ,
Дар миёни ману лаъли ту ҳикоятҳо буд.

Ёд бод, он ки нигорам чу камар барбастӣ,
Дар рикобаш маҳи нав пайки ҷаҳонпаймо буд.

Ёд бод, он ки хароботнишин будаму маст
В-он чи дар масҷидам имрӯз кам аст, он ҷо буд.

Ёд бод, он ки ба ислоҳи шумо мешуд рост,
Назми ҳар гавҳари носуфта, ки Ҳофизро буд.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед