Hafez

Дидам ба хоби хуш, ки ба дастам пиёла буд

Ғазали 214

Дидам ба хоби хуш, ки ба дастам пиёла буд,
Таъбир рафту кор ба давлат ҳавола буд.

Чил сол ранҷу ғусса кашидему оқибат
Тадбири мо ба дасти шароби дусола буд.

Он нофаи мурод, ки мехостам зи бахт,
Дар чини зулфи он бути мушкинкулола буд.

Аз даст бурда буд хумори ғамам саҳар,
Давлат мусоид омаду май дар пиёла буд.

Дар остони майкада хун мехурам мудом,
Рӯзии мо зи хони қадар ин навола буд.

Ҳар к-ӯ накошт меҳру зи хубӣ гуле начид,
Дар раҳгузори бод нигаҳбони лола буд.

Бар тарфи гулшанам гузар афтод вақти субҳ,
Он дам, ки кори мурғи саҳар оҳу нола буд.

Дидем шеъри дилкаши Ҳофиз ба мадҳи шоҳ,
Як байт аз ин қасида беҳ аз сад рисола буд.

Он шоҳи тундҳамла, ки хуршеди шергир
Пешаш ба рӯзи маърака камтар ғизола буд.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед