Hafez

Ба кӯйи майкада, ё Раб, саҳар чӣ машғала буд

Ғазали 215

Ба кӯйи майкада, ё Раб, саҳар чӣ машғала буд,
Ки ҷӯши шоҳиду соқию шамъу машъала буд.

Ҳадиси ишқ, ки аз ҳарфу савт мустағнист,
Ба нолаи дафу най дар хурӯшу валвала буд.

Мабоҳисе, ки дар он маҷлиси ҷунун мерафт,
Варои мадрасаву қолу қили масъала буд.

Дил аз карашмаи соқӣ ба шукр буд, вале
Зи номусоидии бахташ андаке гила буд.

Қиёс кардаму он чашми ҷодувонаи маст
Ҳазор соҳири чун Сомириш дар гила буд.

Бигуфтамаш: «Ба лабам бӯсае ҳаволат кун»,
Ба ханда гуфт: «Каят бо ман ин муомила буд?»

Зи ахтарам назаре саъд дар раҳ аст, ки дӯш
Миёни моҳу рухи ёри ман муқобила буд.

Даҳони ёр, ки дармони дарди Ҳофиз дошт,
Фиғон, ки вақти мурувват чӣ тангҳавсала буд!

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед