Hafez

Чу даст бар сари зулфаш занам, ба тоб равад

Ғазали 221

Чу даст бар сари зулфаш занам, ба тоб равад
В-ар оштӣ талабам, бо сари итоб равад.

Чу моҳи нав раҳи наззорагони бечора
Занад ба гӯшаи абрӯву дар ниқоб равад.

Шаби шароб харобам кунад ба бедорӣ
В-агар ба рӯз шикоят кунам, ба хоб равад.

Тариқи ишқ пурошӯбу фитна аст, эй дил,
Бияфтад, он ки дар ин роҳ бошитоб равад.

Гадойии дари ҷонон ба салтанат мафрӯш,
Касе зи сояи ин дар ба офтоб равад?!

Саводи номаи мӯйи сиёҳ чун тай шуд,
Баёз кам нашавад, гар сад интихоб равад.

Ҷанобро чу фитад боди нахват андар сар,
Кулоҳдорияш андар сари шароб равад.

Ҳиҷоби роҳ туйӣ, Ҳофиз, аз миён бархез,
Хушо касе, ки дар ин роҳ бе ҳиҷоб равад.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед