Hafez

Аз сари кӯйи ту ҳар к-ӯ ба маломат биравад

Ғазали 222

Аз сари кӯйи ту ҳар к-ӯ ба маломат биравад,
Наравад корашу охир ба хиҷолат биравад.

Корвоне, ки бувад бадрақааш ҳифзи Худой,
Ба таҷаммул бинишинад, ба ҷалолат биравад.

Солик аз нури ҳидоят бибарад роҳ ба дӯст,
Ки ба ҷое нарасад, гар ба залолат биравад.

Коми худ охири умр аз маю маъшуқ бигир,
Ҳайфи авқот, ки яксар ба батолат биравад.

Эй далели дили гумгашта, Худоро, мададе,
Ки ғариб ар набарад раҳ, ба далолат биравад.

Ҳукми мастурию мастӣ ҳама бар хотами туст,
Кас надонист, ки охир ба чӣ ҳолат биравад.

Ҳофиз, аз чашмаи ҳикмат ба каф овар ҷоме,
Бу, ки аз лавҳи дилат нақши ҷаҳолат биравад.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед