Hafez

Гуфтам: Ғами ту дорам. Гуфто: Ғамат сар ояд

Ғазали 231

Гуфтам: Ғами ту дорам. Гуфто: Ғамат сар ояд.
Гуфтам, ки моҳи ман шав. Гуфто: Агар барояд.

Гуфтам: Зи меҳрварзон расми вафо биёмӯз,
Гуфто: Зи моҳрӯён ин кор камтар ояд.

Гуфтам, ки бар хаёлат роҳи назар бибандам,
Гуфто, ки шабрав аст ӯ, аз роҳи дигар ояд.

Гуфтам, ки бӯйи зулфат гумроҳи оламам кард,
Гуфто: Агар бидонӣ, ҳам ӯ-т раҳбар ояд.

Гуфтам: Хушо ҳавое, к-аз боди субҳ хезад,
Гуфто: Хунук насиме, к-аз кӯйи дилбар ояд.

Гуфтам, ки нӯши лаълат моро ба орзу кушт,
Гуфто: Ту бандагӣ кун, к-ӯ бандапарвар ояд.

Гуфтам: Дили раҳимат кай азми сулҳ дорад?
Гуфто: Магӯй бо кас, то вақти он дарояд.

Гуфтам: Замони ишрат дидӣ, ки чун сар омад,
Гуфто: Хамӯш, Ҳофиз, к-ин ғусса ҳам сар ояд.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед