Hafez

Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд

Ғазали 233

Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд,
Ё тан расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд.

Бикшой турбатамро баъд аз вафоту бингар,
К-аз оташи дарунам дуд аз кафан барояд.

Бинмой рух, ки халқе волеҳ шаванду ҳайрон,
Бикшой лаб, ки фарёд аз марду зан барояд.

Ҷон бар лаб асту ҳасрат дар дил, ки аз лабонаш
Нагрифта ҳеч коме ҷон аз бадан барояд.

Аз ҳасрати даҳонаш омад ба танг ҷонам,
Худ коми тангдастон кай з-он даҳан барояд?

Гӯянд зикри хайраш дар хайли ишқбозон,
Ҳар ҷо, ки номи Ҳофиз дар анҷуман барояд.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед