Hafez

Чу офтоби май аз машриқи пиёла барояд

Ғазали 234

Чу офтоби май аз машриқи пиёла барояд,
Зи боғи орази соқӣ ҳазор лола барояд.

Насим дар сари гул бишканад кулолаи сунбул,
Чу аз миёни чаман бӯйи он кулола барояд.

Ҳикояти шаби ҳиҷрон на он ҳикояти ҳолест,
Ки шаммае зи баёнаш ба сад рисола барояд.

Зи гирдхони нигуни фалак тамаъ натавон дошт,
Ки бе малолати сад ғусса як навола барояд.

Ба саъйи худ натавон бурд пай ба гавҳари мақсуд,
Хаёл бошад, к-ин кор бе ҳавола барояд.

Гарат чу Нӯҳи набӣ сабр ҳаст дар ғами тӯфон,
Бало бигардаду коми ҳазорсола барояд.

Насими зулфи ту чун бигзарад ба турбати Ҳофиз,
Зи хоки колбадаш сад ҳазор лола барояд.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед