Hafez

Агар он тоири қудсӣ зи дарам боз ояд

Ғазали 236

Агар он тоири қудсӣ зи дарам боз ояд,
Умри бигзашта ба пиронасарам боз ояд.

Дорам уммед бар ин ашки чу борон, ки дигар
Барқи давлат, ки бирафт аз назарам, боз ояд.

Он ки тоҷи сари ман хоки кафи пояш буд,
Аз Худо металабам, то ба сарам боз ояд.

Хоҳам андар ақабаш рафту ба ёрони азиз
Шахсам ар боз наёяд, хабарам боз ояд.

Гар нисори қадами ёри гиромӣ накунам,
Гавҳари ҷон ба чӣ кори дигарам боз ояд?!

Кӯси навдавлатӣ аз боми саодат бизанам,
Гар бибинам, ки маҳи навсафарам боз ояд.

Монеъаш ғулғули чанг асту шакархоби сабӯҳ
В-арна, гар бишнавад оҳи саҳарам, боз ояд.

Орзуманди рухи шоҳи чу моҳам, Ҳофиз,
Ҳиммате, то ба саломат зи дарам боз ояд.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед