Hafez

Расид мужда, ки омад баҳору сабза дамид

Ғазали 239

Расид мужда, ки омад баҳору сабза дамид,
Вазифа гар бирасад, масрифаш гул асту набид.

Сафири мурғ баромад, бати шароб куҷост,
Фиғон фитод ба булбул, ниқоби гул кӣ кашид?

Зи меваҳои биҳиштӣ чӣ завқ дарёбад,
Ҳар он ки себи занахдони шоҳиде нагазид?

Макун зи ғусса шикоят, ки дар тариқи талаб
Ба роҳате нарасид, он ки заҳмате накашид.

Зи рӯйи соқии маҳваш гуле бичин имрӯз,
Ки гирди орази бустон хати бунафша дамид.

Чунон карашмаи соқӣ дилам зи даст бибурд,
Ки бо каси дигарам нест барги гуфтушунид.

Ман ин мураққаъи рангин чу гул бихоҳам сӯхт,
Ки пири бодафурӯшаш ба ҷуръае нахарид.

Аҷоиби раҳи ишқ, эй рафиқ, бисёр аст,
Зи пеши оҳуи ин дашт шери нар бирамид.

Ба кӯйи ишқ манеҳ бе далели роҳ қадам,
Ки гум шуд, он ки дар ин раҳ ба раҳбаре нарасид.

Худойро мададе, эй далели роҳи ҳарам,
Ки нест бодияи ишқро карона падид.

Баҳор мегузарад, додгустаро, дарёб,
Ки рафт мавсиму Ҳофиз ҳанӯз май начашид.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед