Hafez

Бӯйи хуши ту ҳар кӣ зи боди сабо шунид

Ғазали 243

Бӯйи хуши ту ҳар кӣ зи боди сабо шунид,
Аз ёри ошно сухани ошно шунид,

Эй шоҳи ҳусн, чашм ба ҳоли гадо фикан,
К-ин гӯш бас ҳикояти шоҳу гадо шунид.

Хуш мекунам ба бодаи мушкин машоми ҷон,
К-аз далқпӯши савмаа бӯйи риё шунид.

Сирри Худо, ки орифи солик ба кас нагуфт,
Дар ҳайратам, ки бодафурӯш аз куҷо шунид?!

Ё Раб, куҷост маҳрами розе, ки як замон
Дил шарҳи он диҳад, ки чӣ гуфту чиҳо шунид?

Инаш сазо набуд дили ҳақгузори ман,
К-аз ғамгусори худ сухани носазо шунид.

Маҳрум агар шудам зи сари кӯйи ӯ, чӣ шуд?
Аз гулшани замона кӣ бӯйи вафо шунид?

Соқӣ, биё, ки ишқ садо мекунад баланд,
К-он кас, ки гуфт қиссаи мо, ҳам зи мо шунид.

Мо бода зери хирқа на имрӯз мехурем,
Сад бор пири майкада ин моҷаро шунид.

Мо май ба бонги чанг на имрӯз мекашем,
Бас давр шуд, ки гунбади чарх ин садо шунид.

Панди ҳаким маҳзи савоб асту айни хайр,
Фархунда он касе, ки ба самъи ризо шунид.

Ҳофиз, вазифаи ту дуо гуфтан асту бас,
Дар банди ин мабош, ки нашнид ё шунид.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед