Hafez

Муоширон, гираҳ аз зулфи ёр боз кунед

Ғазали 244

Муоширон, гираҳ аз зулфи ёр боз кунед,
Шабе хуш аст, бад-ин қиссааш дароз кунед.

Ҳузури хилвати унс асту дӯстон ҷамъанд,
«Ва ин якод»* бихонеду дар фароз кунед.

Рубобу чанг ба бонги баланд мегӯянд,
Ки гӯшу ҳуш ба пайғоми аҳли роз кунед.

Ба ҷони дӯст, ки ғам парда бар шумо надарад,
Гар эътимод бар алтофи корсоз кунед.

Миёни ошиқу маъшуқ фарқ бисёр аст,
Чу ёр ноз намояд, шумо ниёз кунед.

Нахустмавъизаи пири суҳбат ин ҳарф аст,
Ки аз мусоҳиби ноҷинс эҳтироз кунед.

Ҳар он касе, ки дар ин ҳалқа нест зинда ба ишқ,
Бар ӯ намурда ба фатвои ман намоз кунед.

В-агар талаб кунад инъоме аз шумо Ҳофиз,
Ҳаволаташ бар лаби ёри дилнавоз кунед.


* Ишора ба ояи 51 сураи «Қалам» аст, ки барои рафъи зиёни чашми бад мехонанд.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед