Hafez

Гар бувад умр, ба майхона равам бори дигар

Ғазали 252

Гар бувад умр, ба майхона равам бори дигар,
Ба ҷуз аз хидмати риндон накунам кори дигар.

Хуррам он рӯз, ки бо дидаи гирён биравам,
То занам об дари майкада як бори дигар.

Маърифат нест дар ин қавм, Худоро сабабе,
То барам гавҳари худро ба харидори дигар.

Ёр агар рафту ҳақи суҳбати дерин нашинохт,
Ҳошалиллаҳ, ки равам ман зи пайи ёри дигар.

Гар мусоид шавадам доираи чархи кабуд,
Ҳам ба даст оварамаш боз ба паргори дигар.

Офият металабад хотирам, ар бигзоранд
Ғамзаи шӯхашу он турраи таррори дигар.

Рози сарбастаи мо бин, ки ба дастон гуфтанд,
Ҳар замон бо дафу най бар сари бозори дигар.

Ҳар дам аз дард бинолам, ки фалак ҳар соат
Кунадам қасди дили реш ба озори дигар.

Боз гӯям, на дар ин ҳодиса Ҳофиз танҳост,
Ғарқа гаштанд дар ин бодия бисёри дигар.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед