Hafez

Насиҳате кунамат, бишнаву баҳона магир

Ғазали 256

Насиҳате кунамат, бишнаву баҳона магир,
Ҳар он чи носеҳи мушфиқ бигӯядат, бипазир.

Зи васли рӯйи ҷавонон таматтуъе бардор,
Ки дар камингаҳи умр аст макри олами пир.

Наими ҳар ду ҷаҳон пеши ошиқон ба ҷаве,
Ки ин матои қалил асту он атои касир.

Муошири хушу руде басоз мехоҳам,
Ки дарди хеш бигӯям ба нолаи баму зер.

Бар он сарам, ки нанӯшам маю гунаҳ накунам,
Агар мувофиқи тадбири ман шавад тақдир.

Чу қисмати азалӣ бе ҳузури мо карданд,
Гар андаке на ба вифқи ризост, хурда магир.

Чу лола дар қадаҳам рез, соқиё, маю мушк,
Ки нақши холи нигорам намеравад зи замир.

Биёр соғари дурри хушоб, эй соқӣ,
Ҳасуд, гӯ, карами осафӣ бибину бимир!

Ба азми тавба ниҳодам қадаҳ зи каф сад бор,
Вале карашмаи соқӣ намекунад тақсир.

Майи дусолаву маҳбуби чордаҳсола,
Ҳамин бас аст маро суҳбати сағиру кабир.

Дили рамидаи моро кӣ пеш мегирад?
Хабар диҳед ба Маҷнуни хаста аз занҷир.

Ҳадиси тавба дар ин базмгаҳ магӯ, Ҳофиз,
Ки соқиёни камонабруят зананд ба тир.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед