Hafez

Барнаёмад аз таманнои лабат комам ҳанӯз

Ғазали 265

Барнаёмад аз таманнои лабат комам ҳанӯз,
Бар умеди ҷоми лаълат дурдошомам ҳанӯз.

Рӯзи аввал рафт динам дар сари зулфайни ту,
То чӣ хоҳад шуд дар ин савдо саранҷомам ҳанӯз?!

Соқиё, як ҷуръае з-он оби оташгун, ки ман
Дар миёни пухтагони ишқи ӯ хомам ҳанӯз.

Аз хато гуфтам шабе зулфи туро мушки Хутан,
Мезанад ҳар лаҳза теғе мӯ бар андомам ҳанӯз.

Партави рӯйи ту то дар хилватам дид офтоб,
Меравад чун соя ҳар дам бар дару бомам ҳанӯз.

Дар азал додаст моро соқии лаъли лабат
Ҷуръаи ҷоме, ки ман мадҳуши он ҷомам ҳанӯз.

Эй ки гуфтӣ ҷон бидеҳ,то бошадат ороми ҷон,
Ҷон ба ғамҳоят супурдам, нест оромам ҳанӯз.

Дар қалам овард Ҳофиз қиссаи лаъли лабаш,
Оби ҳайвон меравад ҳар дам зи ақломам ҳанӯз.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед