Hafez

Эй сабо, гар бигзарӣ аз соҳили рӯди Арас

Ғазали 267

Эй сабо, гар бигзарӣ аз соҳили рӯди Арас,
Бӯса зан бар хоки он водию мушкин кун нафас.

Манзили Салмо, ки бодаш ҳар дам аз мо сад салом,
Пурсадои сорбонон бинию бонги ҷарас.

Маҳмили ҷонон бибӯс, он гаҳ ба зорӣ арза дор,
К-аз фироқат сӯхтам, эй меҳрубон фарёдрас.

Ман, ки қавли носиҳонро хондаме қавли рубоб,
Гӯшмоле дидам аз ҳиҷрон, ки инам панд бас.

Ишрати шабгир кун, май нӯш, к-андар роҳи ишқ
Шабравонро ошноиҳост бо мири асас.

Ишқбозӣ кори бозӣ нест, эй дил, сар бибоз,
З-он ки гӯйи ишқ натвон зад ба чавгони ҳавас.

Дил ба рағбат месупорад ҷон ба чашми масти ёр,
Гарчи ҳушёрон надоданд ихтиёри худ ба кас.

Тӯтиён дар шаккаристон комронӣ мекунанд
В-аз таҳассур даст бар сар мезанад мискин магас.

Номи Ҳофиз гар барояд бар забони килки дӯст,
Аз ҷаноби ҳазрати шоҳам бас аст ин мултамас.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед