Hafez

Гулъизоре зи гулистони ҷаҳон моро бас

Ғазали 268

Гулъизоре зи гулистони ҷаҳон моро бас,
З-ин чаман сояи он сарви равон моро бас.

Ману ҳамсуҳбатии аҳли риё? Дурам бод!
Аз гаронони ҷаҳон ратли гарон моро бас.

Қасри фирдавс ба подоши амал мебахшанд,
Мо, ки риндему гадо, дайри муғон моро бас.

Бинишин бар лаби ҷӯю гузари умр бибин,
К-ин ишорат зи ҷаҳони гузарон моро бас.

Нақди бозори ҷаҳон бингару озори ҷаҳон,
Гар шуморо на бас ин суду зиён, моро бас.

Ёр бо мост, чӣ ҳоҷат, ки зиёдат талабем?
Давлати суҳбати он мӯниси ҷон моро бас.

Аз дари хеш, Худоро, ба биҳиштам мафирист,
Ки сари кӯйи ту аз кавну макон моро бас.

Ҳофиз, аз машраби қисмат гила ноинсофист,
Табъи чун обу ғазалҳои равон моро бас.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед