Hafez

Дарди ишқе кашидаам, ки мапурс

Ғазали 270

Дарди ишқе кашидаам, ки мапурс,
Заҳри ҳаҷре чашидаам, ки мапурс.

Гаштаам дар ҷаҳону охири кор
Дилбаре баргузидаам, ки мапурс.

Ончунон дар ҳавои хоки дараш
Меравад оби дидаам, ки мапурс.

Ман ба гӯши худ аз даҳонаш дӯш
Суханоне шунидаам, ки мапурс.

Сӯйи ман лаб чӣ мегазӣ, ки магӯй,
Лаби лаъле газидаам, ки мапурс!

Бе ту дар кулбаи гадоии хеш
Ранҷҳое кашидаам, ки мапурс.

Ҳамчу Ҳофиз ғариб дар раҳи ишқ
Ба мақоме расидаам, ки мапурс.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед