Hafez

Дорам аз зулфи сиёҳаш гила чандон, ки мапурс

Ғазали 271

Дорам аз зулфи сиёҳаш гила чандон, ки мапурс,
Ки чунон з-ӯ шудаам бесарусомон, ки мапурс.

Кас ба уммеди вафо тарки дилу дин макунод,
Ки чунонам ман аз ин карда пушаймон, ки мапурс!

Ба яке ҷуръа, ки озори касаш дар пай нест,
Заҳмате мекашам аз мардуми нодон, ки мапурс.

Зоҳид, аз мо ба саломат бигузар, к-он майи лаъл
Дилу дин мебарад аз даст бад-он сон, ки мапурс.

Гуфтугӯҳост дар ин роҳ, ки ҷон бигдозад,
Ҳар касе арбадае, ин ки мабин, он ки мапурс.

Порсоию саломат ҳавасам буд, вале
Шевае мекунад он наргиси фаттон, ки мапурс.

Гуфтам: «Аз гӯйи фалак сурати ҳоле пурсам»,
Гуфт: «Он мекашам андар хами чавгон, ки мапурс»

Гуфтамаш: «Зулф ба хуни кӣ шикастӣ?» Гуфто:
«Ҳофиз, ин қисса дароз аст, ба Қуръон, ки мапурс!

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед