Hafez

Сӯфӣ, гуле бичину мураққаъ ба хор бахш

Ғазали 275

Сӯфӣ, гуле бичину мураққаъ ба хор бахш
В-ин зуҳди хушкро ба майи хушгувор бахш.

Томоту шатҳ дар раҳи оҳанги чанг неҳ,
Тасбеҳу тайласон ба маю майгусор бахш.

Зуҳди гарон, ки шоҳиду соқӣ намехаранд,
Дар ҳалқаи чаман ба насими баҳор бахш.

Роҳам шароби лаъл зад, эй мири ошиқон,
Хуни маро ба чоҳи занахдони ёр бахш.

Ё Раб, ба вақти гул гунаҳи банда афв кун,
В-ин моҷаро ба сарви лаби ҷӯйбор бахш.

Эй он ки раҳ ба машраби мақсуд бурдаӣ,
З-ин баҳр қатрае ба мани хоксор бахш.

Шукронаро, ки чашми ту рӯйи бутон надид,
Моро ба афву лутфи Худовандгор бахш.

Соқӣ, чу шоҳ нӯш кунад бодаи сабӯҳ,
Гӯ: Ҷоми зар ба Ҳофизи шабзиндадор бахш.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед