Hafez

Саҳар зи ҳотифи ғайбам расид мужда ба гӯш

Ғазали 283

Саҳар зи ҳотифи ғайбам расид мужда ба гӯш,
Ки даври Шоҳ Шуҷоъ аст, май далер бинӯш.

Шуд, он ки аҳли назар бар канора мерафтанд
Ҳазор гуна сухан дар даҳону лаб хомӯш.

Ба бонги чанг бигӯем он ҳикоятҳо,
Ки аз ниҳуфтани он деги сина мезад ҷӯш.

Шароби хонагии тарсимуҳтасибхурда
Ба рӯйи ёр бинӯшему бонги нӯшонӯш.

Зи кӯйи майкада дӯшаш ба дӯш мебурданд,
Имоми шаҳр, ки саҷҷода мекашид ба дӯш.

Дило, далолати хайрат кунам ба роҳи наҷот,
Макун ба фисқ мубоҳоту зуҳд ҳам мафурӯш.

Маҳалли нури таҷаллист ройи анвари шоҳ,
Чу қурби ӯ талабӣ, дар сафои нийят кӯш.

Ба ҷуз санои ҷалолаш масоз вирди замир,
Ки ҳаст гӯши дилаш маҳрами паёми Суруш.

Румузи маслиҳати мулк хусравон донанд,
Гадои гӯшанишинӣ ту, Ҳофизо, махурӯш!

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед