Hafez

Канори обу пойи беду табъи шеъру ёре хуш

Ғазали 288

Канори обу пойи беду табъи шеъру ёре хуш,
Муошир дилбаре ширину соқӣ гулъизоре хуш.

Ало, эй давлати толеъ, ки қадри вақт медонӣ,
Гуворо бодат ин ишрат, ки дорӣ рӯзгоре хуш.

Ҳар он касро, ки бар хотир зи ишқи дилбаре борест,
Сипанде, гӯ, бар оташ неҳ, ки дорад кору боре хуш.

Арӯси табъро зевар зи фикри бикр мебандам,
Бувад, к-аз дасти айёмам ба даст афтад нигоре хуш.

Шаби суҳбат ғанимат дону доди хушдилӣ бистон,
Ки маҳтобе дилафрӯз асту тарфи лолазоре хуш.

Майе дар косаи чашм аст соқиро, баномэзад,
Ки мастӣ мекунад бо ақлу мебахшад хуморе хуш.

Ба ғафлат умр шуд, Ҳофиз, биё бо мо ба майхона,
Ки шангулони хушбошат биёмӯзанд коре хуш.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед