Hafez

Мо озмудаем дар ин шаҳр бахти хеш

Ғазали 291

Мо озмудаем дар ин шаҳр бахти хеш,
Берун кашид бояд аз ин варта рахти хеш.

Азбаски даст мегазаму оҳ мекашам,
Оташ задам чу гул ба тани лахт-лахти хеш.

Дӯшам зи булбуле чи хуш омад, ки месуруд
Гул гӯш паҳн карда зи шохи дарахти хеш,

К-эй дил, ту шод бош, ки он ёри тундхӯй
Бисёр тундрӯй нишинад зи бахти хеш.

Хоҳӣ, ки сахту сусти ҷаҳон бар ту бигзарад,
Бигзар зи аҳди сусту суханҳои сахти хеш.

Вақт аст, к-аз фироқи ту в-аз сӯзи андарун
Оташ дарафканам ба ҳама рахту пахти хеш.

Ҳофиз, агар мурод муяссар шудӣ мудом,
Ҷамшед низ дур намондӣ зи тахти хеш.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед