Hafez

Дар вафои ишқи ту машҳури хубонам чу шамъ

Ғазали 294

Дар вафои ишқи ту машҳури хубонам чу шамъ,
Шабнишини кӯйи сарбозону риндонам чу шамъ.

Рӯзу шаб хобам намеояд ба чашми ғампараст,
Баски дар бемории ҳаҷри ту гирёнам чу шамъ.

Риштаи сабрам ба миқрози ғамат бибрида шуд,
Ҳамчунон дар оташи меҳру ту сӯзонам чу шамъ.

Гар кумайти ашки гулгунам набудӣ гармрав,
Кай шудӣ равшан ба гетӣ рози пинҳонам чу шамъ?

Дар миёни обу оташ ҳамчунон саргарми туст
Ин дили зори низори ашкборонам чу шамъ.

Дар шаби ҳиҷрон маро парвонаи васле фирист,
В-арна аз дардат ҷаҳонеро бисӯзонам чу шамъ.

Бе ҷамоли оламорои ту рӯзам чун шаб аст,
Бо камоли ишқи ту дар айни нуқсонам чу шамъ.

Кӯҳи сабрам нарм шуд чун мум дар дасти ғамат,
То дар обу оташи ишқат гудозонам чу шамъ.

Ҳамчу субҳам як нафас боқист бо дидори ту,
Чеҳра бинмо, дилбаро, то ҷон барафшонам чу шамъ.

Сарфарозам кун шабе аз васли худ, эй нозанин,
То мунаввар гардад аз дидорат айвонам чу шамъ.

Оташи меҳри туро Ҳофиз аҷаб дар сар гирифт,
Оташи дил кай ба оби дида биншонам чу шамъ?

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед