Hafez

Ҳазор душманам ар мекунанд қасди ҳалок

Ғазали 300

Ҳазор душманам ар мекунанд қасди ҳалок,
Гарам ту дӯстӣ, аз душманон надорам бок.

Маро умеди висоли ту зинда медорад
В-агарна ҳар дамам аз ҳаҷри туст бими ҳалок.

Нафас-нафас агар аз бод нашнавам бӯят,
Замон-замон чу гул аз ғам кунам гиребон чок.

Равад ба хоб ду чашм аз хаёли ту? Ҳайҳот!
Бувад сабур дил андар фироқи ту? Ҳошок!

Агар ту захм занӣ беҳ, ки дигарон марҳам,
В-агар ту заҳр диҳӣ беҳ, ки дигарон тарёк.

Би зарби сайфика қатлӣ ҳаётуно абадан,
Лианна руҳӣ қад тоба ан якуна фидок.

Инон мапеч, ки гар мезанӣ ба шамшерам,
Сипар кунам сару дастат надорам аз фитрок.

Туро чунон ки туӣ, ҳар назар куҷо бинад?
Ба қадри дониши худ ҳар касе кунад идрок.

Ба чашми халқ азиз он замон шавад Ҳофиз,
Ки бар дари ту ниҳад рӯйи масканат бар хок.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед