Hafez

Эй дили реши маро бо лаби ту ҳаққи намак

Ғазали 301

Эй дили реши маро бо лаби ту ҳаққи намак,
Ҳақ нигаҳ дор, ки ман меравам, Аллоҳу маъак.*

Туӣ он гавҳари покиза, ки дар олами қудс
Зикри хайри ту бувад ҳосили тасбеҳи малак.

Дар хулуси манат ар ҳаст шаке, таҷриба кун,
Кас иёри зари холис нашиносад чу маҳак.

Гуфта будӣ, ки шавам масту ду бӯсат бидиҳам,
Ваъда аз ҳад бишуду мо на ду дидему на як.

Бикушо пистаи хандону шакаррезӣ кун,
Халқро аз даҳани хеш маяндоз ба шак.

Чарх барҳам занам, ар ғайри муродам гардад.
Ман на онам, ки забунӣ кашам аз чархи фалак.

Чун бари Ҳофизи хешаш нагузорӣ боре,
Эй рақиб, аз бари ӯ як-ду қадам дуртарак!


* Яъне, Худо бо ту бошад, Худо нигаҳдорат!

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед