Hafez

Хушхабар бошӣ, эй насими шамол

Ғазали 302

Хушхабар бошӣ, эй насими шамол,
Ки ба мо мерасад замони висол!

Қиссат-ул-ишқи ланфисома лаҳо,
Фусимат ҳо ҳуно лисон-ул-қол.

Мо ли Салмо ва ман бизӣ саламин?
Айна ҷиронуно ва кайфа-л-ҳол?

Афати-д-дору баъда офиятин,
Фасъалу ҳолаҳо ани-л-атлол.

Фӣ ҷамоли-л-камоли нилта мунан.
Сарафаллоҳу анка айна камол.

Ё барида-л-ҳимо, ҳамокаллоҳ,
Марҳабан, марҳабан! Таъол, таъол!

Арсаи базмгоҳ холӣ монд
Аз ҳарифону ҷоми моломол.

Соя афканд ҳолиё шаби ҳаҷр,
То чӣ бозанд шабравони хаёл.

Турки мо сӯи кас наменигарад,
Оҳ аз ин кибриёву ҷоҳу ҷалол!

Ҳофизо, ишқу собирӣ то чанд?
Нолаи ошиқон хуш аст, бинол!

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед