Hafez

Дорои ҷаҳон, нусрати дин, хусрави комил

Ғазали 304

Дорои ҷаҳон, нусрати дин, хусрави комил,
Яҳй ибни Музаффар — малики олими одил.

Эй даргаҳи ислом, паноҳи ту кушода
Бар рӯйи ҷаҳон равзанаи ҷону дари дил.

Таъзими ту бар ҷону хирад воҷибу лозим,
Инъоми ту бар кавну макон фоизу шомил.

Рӯзи азал аз килки ту як қатра сиёҳӣ
Бар рӯйи маҳ афтод, ки шуд ҳалли масоил.

Хуршед чу он холи сияҳ дид, ба дил гуфт:
«Эй кош, ки ман будаме он ҳиндуи муқбил!»

Шоҳо, фалак аз базми ту дар рақсу самоъ аст,
Дасти тараб аз домани ин замзама магсил!

Май нӯшу ҷаҳон бахш, ки аз зулфи камандат
Шуд гардани бадхоҳ гирифтори салосил.

Даври фалакӣ яксара бар манҳаҷи адл аст,
Хуш бош, ки золим набарад роҳ ба манзил.

Ҳофиз, қалами шоҳи ҷаҳон муқсими ризқ аст,
Аз баҳри маишат макун андешаи ботил.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед