Hafez

Ба вақти гул шудам аз тавбаи шароб хаҷил

Ғазали 305

Ба вақти гул шудам аз тавбаи шароб хаҷил,
Ки кас мабод зи кирдори носавоб хаҷил.

Салоҳи ман ҳама доми раҳ асту ман з-ин баҳс
Наям зи шоҳиду соқӣ ба ҳеч боб хаҷил.

Бувад, ки ёр наранҷад зи мо ба хулқи карим,
Ки аз суол малулему аз ҷавоб хаҷил.

Зи хун, ки рафт шаби дӯш аз сарочаи чашм,
Шудем дар назари шабравони хоб хаҷил.

Равост, наргиси маст ар фиканд сар дар пеш,
Ки шуд зи шеваи он чашми пуръитоб хаҷил.

Ту хубрӯйтарӣ з-офтобу шукри Худо,
Ки нестам зи ту дар рӯйи офтоб хаҷил.

Ҳиҷоби зулмат аз он баст оби Хизр, ки гашт
Зи шеъри Ҳофизу он табъи ҳамчу об хаҷил.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед