Hafez

Агар ба кӯйи ту бошад маро маҷоли вусул

Ғазали 306

Агар ба кӯйи ту бошад маро маҷоли вусул,
Расад ба давлати васлат навои ман ба усул.

Қарор бурда зи ман он ду наргиси раъно,
Фароғ бурда зи ман он ду ҷодуи макҳул.

Чу бар дари ту мани бенавои безару зӯр
Ба ҳеч боб надорам раҳи хуруҷу духул,

Куҷо равам, чӣ кунам, чора аз куҷо ҷӯям,
Ки гаштаам зи ғаму ҷаври рӯзгор малул?!

Мани шикастаи бадҳол зиндагӣ ёбам,
Дар он нафас, ки ба теғи ғамат шавам мақтул.

Харобтар зи дили ман ғами ту ҷой наёфт,
Ки сохт дар дили тангам қароргоҳи нузул.

Дил аз ҷавоҳири меҳрат чу сайқале дорад,
Бувад зи занги ҳаводис ҳар ойина масқул.

Чӣ ҷурм кардаам, эй ҷону дил, ба ҳазрати ту,
Ки тоати мани бедил намешавад мақбул.

Ба дарди ишқ бисозу хамӯш кун, Ҳофиз,
Румузи ишқ макун фош пеши аҳли уқул.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед