Hafez

Ишқбозию ҷавонию шароби лаълфом

Ғазали 309

Ишқбозию ҷавонию шароби лаълфом,
Маҷлиси унсу ҳарифи ҳамдаму шурби мудом,

Соқии шаккардаҳону мутриби ширинсухан,
Ҳамнишине неккирдору надиме некном.

Шоҳиде аз лутфу покӣ рашки оби зиндагӣ,
Дилбаре дар ҳусну хубӣ ғайрати моҳи тамом,

Базмгоҳе дилнишон чун қасри фирдавси барин,
Гулшане пероманаш чун равзаи Доруссалом.

Сафнишинон некхоҳу пешкорон боадаб,
Дӯстдорон соҳибасрору ҳарифон дӯстком.

Бодаи гулранги талхи тези хушхори сабук,
Нуқлаш аз лаъли нигору нақлаш аз ёқути хом.

Ғамзаи соқӣ ба яғмои хирад оҳихта теғ,
Зулфи ҷонон аз барои сайди дил густарда дом.

Нуктадоне базлагӯ чун Ҳофизи ширинсухан,
Бахшишомӯзе ҷаҳонафрӯз чун Ҳоҷӣ Қавом.

Ҳар кӣ ин ишрат нахоҳад, хушдилӣ бар вай табоҳ,
В-он ки ин маҷлис наҷӯяд, зиндагӣ бар вай ҳаром!

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед