Hafez

Марҳабо, тоири фаррухпайи фархундапаём

Ғазали 310

Марҳабо, тоири фаррухпайи фархундапаём,
Хайри мақдам, чӣ хабар, дӯст куҷо, роҳ кадом?

Ё Раб, ин қафиларо лутфи азал бадрақа бод,
Ки аз ӯ хасм ба дом омаду маъшуқа ба ком.

Моҷарои ману маъшуқи маро поён нест,
Ҳар чӣ оғоз надорад, напизирад анҷом.

Гул зи ҳад бурд танаъъум, нафасе рух бинамо,
Сарв менозаду хуш нест, Худоро, бихиром!

Зулфи дилдор чу зуннор ҳамефармояд:
Бирав, эй шайх, ки шуд бар тани мо хирқа ҳаром.

Мурғи рӯҳам, ки ҳамезад зи сари сидра сафир,
Оқибат донаи холи ту фикандаш дар дом.

Чашми бемори маро хоб на дархур бошад,
Ман лаҳу яқтулу доъун данафу кайфа яном.

Ту тараҳҳум накунӣ бар мани мухлис, гуфтам:
Зока даъвоя ваҳо анта ва тилка-л-айём.

Ҳофиз ар майл ба абрӯйи ту дорад, шояд,
Ҷой дар гӯшаи меҳроб кунанд аҳли калом.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед