Hafez

Ба ғайр аз он ки бишуд дину дониш аз дастам

Ғазали 315

Ба ғайр аз он ки бишуд дину дониш аз дастам,
Биё, бигӯ, ки зи ишқат чӣ тарф барбастам.

Агарчи хирмани умрам ғами ту дод ба бод,
Ба хоки пойи азизат, ки аҳд нашкастам.

Чу зарра гарчи ҳақирам, бибин ба давлати ишқ,
Ки дар ҳавои рухат чун ба меҳр пайвастам.

Биёр бода, ки умрест, то ман аз сари амн
Ба кунҷи офият аз баҳри айш наншастам.

Агар зи мардуми ҳушёрӣ, эй насиҳатгӯй,
Сухан ба хок маяфкан, чаро ки ман мастам.

Чӣ гуна сар зи хиҷолат бароварам бари дӯст,
Ки хидмате басазо барнаёмад аз дастам.

Бисӯхт Ҳофизу он ёри дилнавоз нагуфт,
Ки марҳаме бифиристам, ки хотираш хастам.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед