Hafez

Хаёли нақши ту дар коргоҳи дида кашидам

Ғазали 322

Хаёли нақши ту дар коргоҳи дида кашидам,
Ба сурати ту нигоре на дидаму на шунидам.

Ҳавои хоҷагиям буду бандагии ту ҷустам,
Умеди салтанатам буду хидмати ту гузидам.

Агарчи дар талабат ҳамъинони боди шамолам,
Ба гарди сарви хиромони қоматат нарасидам.

Умед дар шаби зулфат ба рӯзи умр набастам,
Тамаъ ба даври даҳонат зи коми дил бибуридам.

Ба шавқи чашмаи нӯшат чӣ қатраҳо, ки фишондам,
Зи лаъли бодафурӯшат чӣ ишваҳо, ки харидам.

Зи ғамза бар дили решам чӣ тирҳо, ки гушодӣ,
Зи ғусса бар сари кӯят чӣ борҳо, ки кашидам.

Зи кӯйи ёр биёр, эй насими субҳ, ғуборе,
Ки бӯйи хуни дили реш аз он туроб шунидам.

Гуноҳи чашми сиёҳи ту буду гардани дилхоҳ,
Ки ман чу оҳуи ваҳшӣ зи одамӣ бирамидам.

Чу ғанча бар сарам аз кӯйи ӯ гузашт насиме,
Ки парда бар дили хунин ба бӯйи ӯ бидаридам.

Ба хоки пойи ту савганду нури дидаи Ҳофиз,
Ки бе рухи ту фурӯғ аз чароғи дида надидам.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед