Hafez

Гар даст диҳад хоки кафи пои нигорам

Ғазали 325

Гар даст диҳад хоки кафи пои нигорам,
Бар лавҳи басар хатти ғуборе бинигорам.

Бар бӯи канори ту шудам ғарқу умед аст
Аз мавҷи сиришкам, ки расонад ба канорам.

Парвонаи ӯ гар расадам дар талаби ҷон,
Чун шамъ ҳамон дам ба даме ҷон бисупорам.

Имрӯз макаш сар зи вафои ману андеш
З-он шаб, ки ман аз ғам ба дуо даст барорам.

Зулфайни сиёҳи ту ба дилдории ушшоқ
Доданд қарорею бибурданд қарорам.

Эй бод, аз он бода насиме ба ман овар,
К-он бӯйи шифобахш бувад дафъи хуморам.

Гар қалби диламро наниҳад дӯст иёре,
Ман нақди равон дар дамаш аз дида шуморам.

Доман мафишон аз мани хокӣ, ки пас аз ман
З-ин дар натавонад, ки барад бод ғуборам.

Ҳофиз, лаби лаълаш чу маро ҷони азиз аст,
Умре бувад он лаҳза, ки ҷонро ба лаб орам.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед