Hafez

Ба теғам гар кушад, дасташ нагирам

Ғазали 331

Ба теғам гар кушад, дасташ нагирам,
В-агар тирам занад, миннатпазирам.

Камони абруятро гӯ, бизан тир,
Ки пеши дасту бозуят бимирам.

Ғами гетӣ гар аз поям дарорад,
Ба ҷуз соғар кӣ бошад дастгирам?

Баро, эй офтоби субҳи уммед,
Ки дар дасти шаби ҳиҷрон асирам.

Ба фарёдам рас, эй пири харобот,
Ба як ҷуръа ҷавонам кун, ки пирам.

Ба гесӯи ту хурдам дӯш савганд,
Ки ман аз пойи ту сар барнагирам.

Бисӯз ин хирқаи тақво ту, Ҳофиз,
Ки гар оташ шавам, дар вай нагирам.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед