Hafez

Дар хароботи муғон гар гузар афтад бозам

Ғазали 335

Дар хароботи муғон гар гузар афтад бозам,
Ҳосили хирқаву саҷҷода равон дарбозам.

Ҳалқаи тавба гар имрӯз чу зуҳҳод занам,
Хозини майкада фардо накунад дар бозам.

В-ар чу парвона диҳад даст фароғи боле,
Ҷуз бад-он орази шамъӣ набувад парвозам.

Суҳбати ҳур нахоҳам, ки бувад айни қусур,
Бо хаёли ту агар бо дигаре пардозам.

Сирри савдои ту дар сина бимондӣ пинҳон,
Чашми тардоман агар фош накардӣ розам.

Мурғсон аз қафаси хок ҳавойӣ гаштам,
Ба ҳавое, ки магар сайд кунад шаҳбозам.

Ҳамчу чанг ар ба каноре надиҳӣ коми дилам,
Аз лаби хеш чу най як нафасе бинвозам.

Моҷарои дили хунгашта нагӯям бо кас,
З-он ки ҷуз теғи ғамат нест касе дамсозам.

Гар ба ҳар мӯй саре бар тани Ҳофиз бошад,
Ҳамчу зулфат ҳамаро дар қадамат андозам.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед