Hafez

Муждаи васли ту ку, к-аз сари ҷон бархезам?

Ғазали 336

Муждаи васли ту ку, к-аз сари ҷон бархезам?
Тоири қудсаму аз доми ҷаҳон бархезам.

Ба валои ту, ки гар бандаи хешам хонӣ,
Аз сари хоҷагии кавну макон бархезам.

Ё Раб, аз абри ҳидоят бирасон бороне,
Пештар з-он ки чу гарде зи миён бархезам.

Бар сари турбати ман бо маю мутриб бинишин,
То ба бӯят зи лаҳад рақскунон бархезам.

Хезу боло бинамо, эй бути ширинҳаракот,
К-аз сари ҷону ҷаҳон дастфишон бархезам.

Гарчи пирам, ту шабе танг дар оғӯшам гир,
То саҳаргаҳ зи канори ту ҷавон бархезам.

Рӯзи маргам нафасе муҳлати дидор бидеҳ,
То чу Ҳофиз зи сари ҷону ҷаҳон бархезам.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед