Hafez

Ман на он риндам, ки тарки шоҳиду соғар кунам

Ғазали 346

Ман на он риндам, ки тарки шоҳиду соғар кунам,
Муҳтасиб донад, ки ман ин корҳо камтар кунам.

Ман, ки айби тавбакорон карда бошам борҳо,
Тавба аз май вақти гул девона бошам, гар кунам.

Ишқ дурдона-сту ман ғаввосу дарё майкада,
Сар фурӯ бурдам дар ин ҷо, то куҷо сар бар кунам.

Лола соғаргиру наргис масту бар мо номи фисқ,
Доварӣ дорам басе, ё Раб, киро довар кунам?

Бозкаш як дам инон, эй турки шаҳрошӯби ман,
То зи ашку чеҳра роҳат пурзару гавҳар кунам.

Ман, ки аз ёқуту лаъли ашк дорам ганҷҳо,
Кай назар дар файзи хуршеди баландахтар кунам?

Чун сабо маҷмӯаи гулро ба оби лутф шуст,
Каҷдилам хон, гар назар бар сафҳаи дафтар кунам.

Аҳду паймони фалакро нест чандон эътибор,
Аҳд бо паймона бандам, шарт бо соғар кунам.

Ман, ки дорам дар гадойӣ ганҷи султонӣ ба даст,
Кай тамаъ дар гардиши гардуни дунпарвар кунам?

Гарчи гардолуди фақрам, шарм бод аз ҳимматам,
Гар ба оби чашмаи хуршед доман тар кунам.

Ошиқонро гар дар оташ меписандад лутфи дӯст,
Тангчашмам, гар назар дар чашмаи Кавсар кунам.

Дӯш лаълаш ишвае медод Ҳофизро, вале
Ман на онам, к-аз вай ин афсонаҳо бовар кунам.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед