Hafez

Дида дарё кунаму сабр ба саҳро фиканам

Ғазали 348

Дида дарё кунаму сабр ба саҳро фиканам
В-андар ин кор дили хеш ба дарё фиканам.

Аз дили танги гунаҳкор барорам оҳе,
К-оташ андар гунаҳи Одаму Ҳавво фиканам.

Мояи хушдилӣ он ҷост, ки дилдор он ҷост,
Мекунам ҷаҳд, ки худро магар он ҷо фиканам.

Бигушо банди қабо, эй маҳи хуршедкулоҳ,
То чу зулфат сари савдозада дар по фиканам.

Хӯрдаам тири фалак, бода бидеҳ, то сармаст
Уқда дар банди камартаркаши Ҷавзо фиканам.

Ҷуръаи ҷом бар ин тахти равон афшонам,
Ғулғули чанг дар ин гунбади мино фиканам.

Ҳофизо, такя бар айём чу саҳв асту хато,
Ман чаро ишрати имрӯз ба фардо фиканам?!

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед