Hafez

Ба азми тавба саҳар гуфтам истихора кунам

Ғазали 350

Ба азми тавба саҳар гуфтам истихора кунам,
Баҳори тавбашикан мерасад, чӣ чора кунам?

Сухан дуруст бигӯям, наметавонам дид,
Ки май хуранд ҳарифону ман назора кунам.

Чу ғунча бо лаби хандон ба ёди маҷлиси шоҳ
Пиёла гираму аз шавқ ҷома пора кунам.

Ба даври лола димоғи маро илоҷ кунед,
Гар аз миёнаи базми тараб канора кунам.

Зи рӯйи дӯст маро чун гули мурод шукуфт,
Ҳаволаи сари душман ба санги хора кунам.

Гадои майкадаам, лек вақти мастӣ бин,
Ки ноз бар фалаку ҳукм бар ситора кунам.

Маро ки нест раҳу расми луқмапарҳезӣ,
Чаро маломати ринди шаробхора кунам?

Ба тахти гул бинишонам буте чу султоне,
Зи сунбулу суманаш сози тавқу ёра кунам.

Зи бода хӯрдани пинҳон малул шуд Ҳофиз,
Ба бонги барбату най розаш ошкора кунам.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед