Hafez

Мо дарси саҳар дар раҳи майхона ниҳодем

Ғазали 371

Мо дарси саҳар дар раҳи майхона ниҳодем,
Маҳсули дуо дар раҳи ҷонона ниҳодем.

Дар хирмани сад зоҳиди оқил занад оташ,
Ин доғ, ки мо бар дили девона ниҳодем.

Султони азал ганҷи ғами ишқ ба мо дод,
То рӯй дар ин манзили вайрона ниҳодем.

Дар дил надиҳам раҳ пас аз ин меҳри бутонро,
Муҳри лаби ӯ бар дари ин хона ниҳодем.

Дар хирқа аз ин беш мунофиқ натавон буд,
Бунёд аз ин шеваи риндона ниҳодем.

Чун меравад ин киштии саргашта, ки охир
Ҷон дар сари он гавҳари якдона ниҳодем?!

Ал-миннату лиллаҳ, ки чу мо бедилу дин буд,
Онро, ки лақаб оқилу фарзона ниҳодем.

Қонеъ ба хаёле зи ту будем чу Ҳофиз,
Ё Раб, чӣ гадоҳиммату бегонаниҳодем.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед