Hafez

Сарам хуш асту ба бонги баланд мегӯям

Ғазали 379

Сарам хуш асту ба бонги баланд мегӯям,
Ки ман насими ҳаёт аз пиёла меҷӯям.

Убуси зуҳд ба ваҷҳи хумор биншинад,
Муриди хирқаи дурдикашони хушхӯям.

Шудам фасона ба саргаштагию абруйи дӯст
Кашид дар хами чавгони хеш чун гӯям.

Гарам на пири муғон дар ба рӯй бикшояд,
Кадом дар бизанам, чора аз куҷо ҷӯям?

Макун дар ин чаманам сарзаниш ба худрӯйӣ,
Чунонки парваришам медиҳанд, мерӯям.

Ту хонақоҳу харобот дар миёна мабин,
Худо гувост, ки ҳар ҷо ки ҳаст, бо ӯям.

Ғубори роҳи талаб кимиёи беҳрӯзист,
Ғуломи давлати он хоки анбаринбӯям.

Зи шавқи наргиси масти баландболое
Чу лола бо қадаҳ афтода бар лаби ҷӯям.

Биёр май, ки ба фатвои Ҳофиз аз дили пок
Ғубори зарқ ба файзи қадаҳ фурӯ шӯям.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед