Hafez

Чандон ки гуфтам ғам бо табибон

Ғазали 383

Чандон ки гуфтам ғам бо табибон,
Дармон накарданд мискин ғарибон.

Он гул, ки ҳар дам дар дасти бод аст,
Гӯ, шарм бодаш аз андалебон.

Мо дарди пинҳон бо ёр гуфтем,
Натвон ниҳуфтан дард аз табибон.

Ё Раб, амон деҳ,то боз бинад
Чашми муҳиббон рӯйи ҳабибон.

Дурҷи муҳаббат бар муҳри худ нест,
Ё Раб, мабодо коми рақибон!

Эй мунъим, охир, бар хони ҷудат
То чанд бошем аз бенасибон?

Ҳофиз, нагаштӣ шайдои гетӣ,
Гар мешунидӣ панди адибон.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед